Шаҳрдории Душанбе аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ барои воридоти ниҳолу гулҳо озод мешавад

Ташаббуси озод кардани шаҳрдории пойтахт аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон сурат пазируфт. Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйиротро ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2019” ба палатаи поёнии парлумон фиристод, ки мувофиқи он шаҳрдории Душанбе аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ барои воридоти ниҳолу гул […]

Аваз Юлдошев

Ташаббуси озод кардани шаҳрдории пойтахт аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон сурат пазируфт.

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйиротро ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2019” ба палатаи поёнии парлумон фиристод, ки мувофиқи он шаҳрдории Душанбе аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ барои воридоти ниҳолу гул ва буттаҳо ба пойтахт аз хориҷи кишвар озод карда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод.

Номгӯйи гулу бутта ва ниҳолҳое, ки аз хориҷи кишвар ба Душанбе оварда мешавад, аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ мешавад.

Гулу буттаҳо айни замон дар худи пойтахт парвариш мешаванд.

Ба ҷуз ин, чанде аз ниҳолу гулу буттаҳо аз Ӯзбекистону Италия ба кишвар оварда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.