Соли 2019 пули тоҷикӣ нисбат ба доллар расман 2,7% беқурб шуд

Қурби расмии пули тоҷикӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар соли 2019 ба андозаи 2,7% поин рафт. Мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 31-уми декабр, 1 доллар ба 9.6872 сомонӣ баробар аст. Рӯзи аввали соли 2019 ин нишондиҳанда 9.4298 сомониро ташкил медод. Ёдрас мекунем, ки соли 2018 қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон нисбат ба доллар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии пули тоҷикӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар соли 2019 ба андозаи 2,7% поин рафт.

Мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 31-уми декабр, 1 доллар ба 9.6872 сомонӣ баробар аст. Рӯзи аввали соли 2019 ин нишондиҳанда 9.4298 сомониро ташкил медод.

Ёдрас мекунем, ки соли 2018 қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон нисбат ба доллар қариб 7% поин рафта буд.

Беқурбшавии назарраси сомонӣ соли ҷорӣ моҳи август сурат пазируфт, ки он замон Бонки миллӣ қурби арзи миллиро аз 9,43 сомонӣ то ба 9,70 сомонӣ коҳиш дод.

Чунин тасмимро дар Бонки миллӣ “коҳиши фишори қурбӣ ва таъсири хавфҳои мавҷудаи асъорӣ, ҳамчунин таъмини риояи фарқи 2% байни қурби расмӣ ва ғайрирасмӣ” маънидод карданд.

Дар Бонки миллӣ он замон қайд карданд, ки болоравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ дар навбати аввал ба тавозуни манфии гардиши савдои хориҷӣ, камшавии интиқоли пул ва коҳиши дархост дар бозори асъор вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол, қурби евро нисбат сомонӣ давоми соли равон ҳамагӣ 0,5% боло рафт: аз 10,7905 барои 1 евро дар аввали сол то 10,8448 евро барои имрӯз.

Соли ҷорӣ қурби рубли русӣ нисбат ба сомонӣ ба андозаи 15,3% боло рафт: аз 0,1353 рубл барои 1 сомонӣ ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ то 0,1560 рубл барои имрӯз, 31-уми декабр.

Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон асосан рубл интиқол дода мешавад, зеро аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия қарор доранд. Тӯли 9 моҳи соли равон аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1,9 млрд. доллар фиристода шудааст. Ҳудуди 90%-и интиқоли пул ба ҷумҳурӣ бо рубл сурат мепазирад.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар 10 моҳи соли ҷорӣ интиқоли рубли русӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ба андозаи 10,3% ва доллар – 6,2% афзудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.