Ихтиёриён қабристони православиро дар Душанбе тоза карданд

Date:

Дар остонаи фарорасии Соли нав ихтиёриён қабристони православиро дар Душанбе тозаву ба тартиб оварданд. Наздики 150 нафар корбарони фаъоли Facebook барои рӯбучину тоза кардан ва ба тартиб овардани қабристон ба ҳашар баромаданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин қабристони пойтахт натанҳо масеҳиён дафн карда шудаанд.

“Ин ҷо ягон ҷанбаи динӣ нест. Мо қабристонро тоза кардаву ба тартиб овардем, чунки ин кор лозим буд. Касоне, ки пештар ин ҷоро нигоҳубин мекарданд, ба Русия рафтанд. Бисёре аз қабрҳо бе нигоҳубин мондаанд”, – гуфт Амир Исоев, ташкилкунандаи ин ташаббус.

Пас аз итмоми корҳо ҳамаро ба тановули оши палав даъват карданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ин аллакай иқдоми панҷуми гурӯҳ оид ба тозакунии шаҳр аст. Ҳамаи онҳо корбарони Facebook буда, иқдомҳои иҷтимоиро баррасӣ ва роҳандозӣ мекунанд. Ин дафъа ба онҳо аъзои созмони “Авангард” ҳамроҳ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...