Ихтиёриён қабристони православиро дар Душанбе тоза карданд

Дар остонаи фарорасии Соли нав ихтиёриён қабристони православиро дар Душанбе тозаву ба тартиб оварданд. Наздики 150 нафар корбарони фаъоли Facebook барои рӯбучину тоза кардан ва ба тартиб овардани қабристон ба ҳашар баромаданд. Қобили зикр аст, ки дар ин қабристони пойтахт натанҳо масеҳиён дафн карда шудаанд. “Ин ҷо ягон ҷанбаи динӣ нест. Мо қабристонро тоза кардаву […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Дар остонаи фарорасии Соли нав ихтиёриён қабристони православиро дар Душанбе тозаву ба тартиб оварданд. Наздики 150 нафар корбарони фаъоли Facebook барои рӯбучину тоза кардан ва ба тартиб овардани қабристон ба ҳашар баромаданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин қабристони пойтахт натанҳо масеҳиён дафн карда шудаанд.

“Ин ҷо ягон ҷанбаи динӣ нест. Мо қабристонро тоза кардаву ба тартиб овардем, чунки ин кор лозим буд. Касоне, ки пештар ин ҷоро нигоҳубин мекарданд, ба Русия рафтанд. Бисёре аз қабрҳо бе нигоҳубин мондаанд”, – гуфт Амир Исоев, ташкилкунандаи ин ташаббус.

Пас аз итмоми корҳо ҳамаро ба тановули оши палав даъват карданд.

https://www.youtube.com/watch?v=S1wM3pmnZu0

Ин аллакай иқдоми панҷуми гурӯҳ оид ба тозакунии шаҳр аст. Ҳамаи онҳо корбарони Facebook буда, иқдомҳои иҷтимоиро баррасӣ ва роҳандозӣ мекунанд. Ин дафъа ба онҳо аъзои созмони “Авангард” ҳамроҳ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.