Портали савдои Тоҷикистон намунаи беҳтарин дар нашрияи созмонҳои байнулмилалӣ

Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд натиҷаи арзёбии соҳаҳои савдо ва сармоягузории кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2019-ро нашр кард. Дар он Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин ва дастоварди муҳим миёни кишварҳои минтақа пазируфта шуд. Дар нашрияи қайдгардида ба Портали савдои Тоҷикистон, ки расман 26-уми […]

Иттилоияи расмӣ

Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд натиҷаи арзёбии соҳаҳои савдо ва сармоягузории кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2019-ро нашр кард. Дар он Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин ва дастоварди муҳим миёни кишварҳои минтақа пазируфта шуд.

Дар нашрияи қайдгардида ба Портали савдои Тоҷикистон, ки расман 26-уми апрели соли 2019 мавриди амал қарор гирифт, ҳамчун платформаи намунавӣ барои кам кардани вақт ва хароҷот ҳангоми содирот, воридот ва транзит, инчунин содда ва шаффоф гардонидани чораҳои ғайритарифӣ дар савдо баҳои баланд дода шудааст.

Коршиносони созмонҳои мазкур иштироки бахши хусусӣ ва ҷойгирсозии пешниҳодоти онҳоро дар Портали савдои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, барои расидан ба рушди босуботи иқтисодӣ ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусиро яке аз самтҳои калидӣ меҳисобанд.

Айни замон дар Портал маълумот оид ба расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитии 51 гурӯҳи номгӯйи молӣ баробар ба зиёда аз 1500 молу маҳсулот, аз ҷумла, расмиёти содиротии 19 номгӯйи маҳсулот, расмиёти воридотии 30 номгӯйи маҳсулот ва расмиёти транзитии 2 номгӯйи маҳсулот ҷойгир карда шудааст.

Инчунин дар Портали савдои Тоҷикистон маълумоти оморӣ оид ба имконоти содиротии кишвар, давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти савдои хориҷӣ ҷой дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.