Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ шуд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бар асари фаромадани тарма дар километрҳои 55, 62 ва 73-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ муваққатан қатъ шуд.

“Дар ин қитъаҳои роҳ тарма фаромада, ҳамзамон дар қитъаҳои дигар хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Бо қарори муштараки Раёсати БДА ВКД, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати нақлиёт, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои тозакунии роҳ аз тарма ва барфи зиёд идома доранд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Далер Мерганов, сухангӯйи ширкати IRS.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони ширкат имрӯз, 2-юми январ якчанд мусофиронро наҷот доданд, ки зери тарма монда буданд.

“Субҳи барвақт кормандони ширкат мусофирон ва ронандаеро, ки дар километри 55-уми роҳ зери тарма монда буданд, наҷот доданд. Ин тармаи аввалин дар соли равон буда, барои ин мавсими сол ногаҳонист”, – қайд кард Мерганов.

Кай барқарор шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд алҳол маълум нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳанӯз 31-уми январ дар бораи эҳтимоли фаромадани тармаҳо дар ағбаҳои Тоҷикистон огоҳӣ ба нашр расонида буд. Кумита боисрор аз аҳолӣ даъват ба амал оварда буд, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё роҳҳое, ки хатари лағзиши тарма доранд, масофаро ҷиддан риоя кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...