Соли 2019 дар Суғд қариб 6,4 ҳазор ҷиноят содир шудааст

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Прокуратураи вилояти Суғд аз фаъолият дар соли 2019 натиҷагирӣ кард. Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов қайд кард, ки соли 2019 ба мақомоти прокуратураи вилояти Суғд беш аз 11,3 ҳазор муроҷиат ворид шуда, зиёда аз 3,7 ҳазор адади онҳо баррасӣ ва 665 адад қонеъ гардонида шудааст.

Дар ин росто 375 нафар шахсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, 298 қарори ғайриқонунии мақомоти бозрасӣ ва тафтишот бекор шудаанд. Дар ин муддат 129 парвандаи маъмурӣ ва 3 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар самти назорати умумӣ ҳамагӣ 1575 санҷиш гузаронида шуда, қариб 23 ҳазор қонуншиканӣ ошкор шудааст. Зиёда аз 13,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда, 952 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 179,4 млн. сомонӣ зарари молиявӣ рӯёнида шудааст.

Давоми сол барои қонуншиканӣ дар соҳаи тандурустӣ 290 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ ҷалб шуда, нисбат ба 33 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Дар қаламрави вилояти Суғд соли 2019 дар маҷмӯъ 6378 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 295 ҳолат зиёдтар аз ҳамин давраи соли 2018 мебошад. Сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 92,8%-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...