Огоҳии КҲФ дар бораи туману яхбандӣ дар роҳҳо

Asia-Plus

Агентии обуҳавошинсоии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 9-уми январ дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд туман, бориши барф ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар аст. Дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, яке аз хатарҳои басо ҷиддӣ барои ронандагон фаромадани туман дар роҳҳост, ки бинишро нисбатан маҳдуд мекунад ва боиси афзоиши ҳодисаҳои ба ҳам бархӯрдани мошинҳо мешавад.

Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳолатҳои туману яхбандӣ Кумита ба ронандагон тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар ҳатман ҳолати техникии мошин ва чархҳои онро аз назар гузаронида, системаи тормозро бодиққат санҷанд, ки оё барои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар мавсими зимистон ва яхбандӣ муносибанд?

Тасияҳои дигари КҲФ:

Ҳолати фонусҳои мошинро ҳам аз назар гузаронед, дар ҳолати хира будани ин фонусҳо онҳоро ҳатман иваз кунед.

Ин тавсияҳо барои ронандагоне, ки дар роҳҳои яхбаста сафар доранд:

– ҳаракати мошин аз аввал бояд бо суръати паст ва оҳиста бошад;

– бо ҳамон суръате бояд ҳаракат кард, ки бехатарӣ таъмин бошад, бахусус, ҳангоми ҳаракат дар пулҳо, гардишҳо ва фарозу нишеб;

– ҳангоми ҳаракат фосилаи байни мошинҳо бояд назар ба ҳолатҳои муқаррарӣ бештар бошад, зеро ист дар роҳҳои яхбаста хатари дигар дорад: ҳатман чархҳо баъд аз фишор болои тормоз хоҳанд лағжид;

– ҳангоми наздик шудан ба гардиш бояд ҳатман суръати ҳаракат суст карда шавад.

КҲФ ва МГ хотиррасон мекунад, ки дар кулли қаламрави кишвар телефони хадамоти наҷот – 112 шабонарӯз ва ройгон фаъол аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...