Садамаи марговар дар ноҳияи Рӯдакӣ

Пас аз бориши барфи шадид дар роҳҳои чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон яхбандӣ ба мушоҳида мерасад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 6-уми январ дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе, дар қаламрави ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ садама рух дод. Дар мошини ба ғайр аз ронанда боз як мусофир аз Ёвон – сокини 33-солаи ин […]

Пас аз бориши барфи шадид дар роҳҳои чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон яхбандӣ ба мушоҳида мерасад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 6-уми январ дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе, дар қаламрави ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ садама рух дод. Дар мошини ба ғайр аз ронанда боз як мусофир аз Ёвон – сокини 33-солаи ин ноҳия менишаст.

“Ронандаи мошини калони боркаши тамғаи “Шакман” – сокини 37-солаи маҳаллӣ, ки ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, дар гардиш аз уҳдаи идораи мошин набаромад. Вай, ки бо суръати номуносиб ба вазъи роҳ ҳаракат мекард, дар канори роҳ чаппа шудаст”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, баъд аз дарёфти хабари садамаи шадид наҷотбахшони КҲФ фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии дастгоҳи махсус дарро боз карданд ва ронандаву ҳамроҳи ӯро берун оварданд.

“Мутаассифона, мусофири мошин бар асари захмҳои шадид дар шуъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Рӯдакӣ аз олам даргузашт”, – зикр мешавад дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.