Ҳалли ниҳоии масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд

Муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, ки дар шаҳри Тошканд қарор дорад, имрӯз, 7-уми январ Протокол дар бораи таъйин ва аломатгузории ниҳоии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба имзо мерасонад. Аз ҷониби Ӯзбекистон ин санадро муовини сарвазири ин кишвар Элёр Ғаниев имзо мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Дар Протокол […]

Муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, ки дар шаҳри Тошканд қарор дорад, имрӯз, 7-уми январ Протокол дар бораи таъйин ва аломатгузории ниҳоии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба имзо мерасонад.

Аз ҷониби Ӯзбекистон ин санадро муовини сарвазири ин кишвар Элёр Ғаниев имзо мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Дар Протокол розигии комили ҷонибҳо оид ба хатти саҳеҳи гузариши сарҳади давлатии ду кишвар тасдиқ мешавад.

Корҳои таъйин ва аломатгузории пурраи сарҳади давлатӣ байни ду кишвар соли гузашта ба поён расида буд.

Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти гузариши сарҳад созиш ҳосил карданд. Акнун дар натиҷаи аломатгузории сарҳади давлатӣ дар харитаҳо хатти дақиқи марзҳои муштараки ду кишвар ишора карда мешавад.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.

Дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки 10-уми январи соли 2018 дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар мавриди қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла, нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расиданд.

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон маҳсуб мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматрасонии техникии иншоотро анҷом медиҳад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти мушатараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.