Коршинос: дар мухолифати Эрону ИМА саҳнаи амалиёти низомӣ Ироқ мешавад

Пас аз маросими видоъ бо генерал Қосим Сулаймонӣ, ки аз ҳамлаи ҳавоии ИМА дар Ироқ кушта шуд, метавон мухолифати шадиди Эрон ва ИМА-ро дар ҷойи фоҷиа интизор дошт. Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” роҳбари Иттиҳодияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор дошт, ки парлумони Ироқ бо афзалияти вакилони шиамазҳаб аллакай дар бораи қатъи ҳамкорӣ бо эътилофи байнулмилалӣ […]

Пас аз маросими видоъ бо генерал Қосим Сулаймонӣ, ки аз ҳамлаи ҳавоии ИМА дар Ироқ кушта шуд, метавон мухолифати шадиди Эрон ва ИМА-ро дар ҷойи фоҷиа интизор дошт.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” роҳбари Иттиҳодияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор дошт, ки парлумони Ироқ бо афзалияти вакилони шиамазҳаб аллакай дар бораи қатъи ҳамкорӣ бо эътилофи байнулмилалӣ таҳти сарварии ИМА овоз дод.

“Ба истилоҳи дигар, нерӯҳои низомии амрикоӣ заминаи байнулмилалии ҳуқуқии ҳузури худро дар Ироқ аз даст доданд, аз ин рӯ, ин кишвар ба макони муқовимати шадид байни Эрону ИМА табдил меёбад”, – таъкид дошт Мамадазимов.

Коршиноси тоҷик тахмин мезанад, ки ояндаи наздик Ироқ ба “саҳнаи амалиёти низомӣ байни нерӯҳои зудамали амрикоӣ ва гурӯҳҳои низомии шиамазҳаби эронӣ” табдил ёфта метавонад.

Ба ақидаи ӯ, агар Исроил ҳам ба ин ихтилофи шадид ҳамроҳ шавад, “пас саҳнаи муқовимати бевосита ба тамоми Ховари Миёна густариш ёфта, Сурия, Яман, Фаластин, Лубнон ва ҳатто Афғонистонро фаро мегирад”.

“Пешгӯйии пайомадҳо дар ин ҳолат душвор аст, зеро ҷанги ғайримустақим (гибридӣ) ба дигар минтақаҳо, аз ҷумла, Аврупои тинҷу осоишта ҳам интиқол ёфта метавонад, ки дар он ҷо сафоратхонаҳои амрикоӣ ва дигар муассисаҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифта метавонанд”, – афзуд Мамадазимов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.