Эрон ба ИМА таҳдид кард, ки “Ветнами дуюм” барпо мекунад

Дар маросими видоъ бо Қосим Сулаймонӣ, генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ мушовири роҳбари олии Эрон оид ба умури байнулмилалӣ Алӣ Акбар Вилоятӣ изҳор доштааст, ки агар Амрико нерӯҳои худро аз Шарқи Наздик хориҷ накунад, барои Вашингтон “Ветнами дуюм” барпо мешавад. Тавре хабаргузории РБК менависад, ӯ гуфтааст, генерал Сулаймонӣ “шахси калидии мо […]

Дар маросими видоъ бо Қосим Сулаймонӣ, генерал ва фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ мушовири роҳбари олии Эрон оид ба умури байнулмилалӣ Алӣ Акбар Вилоятӣ изҳор доштааст, ки агар Амрико нерӯҳои худро аз Шарқи Наздик хориҷ накунад, барои Вашингтон “Ветнами дуюм” барпо мешавад.

Тавре хабаргузории РБК менависад, ӯ гуфтааст, генерал Сулаймонӣ “шахси калидии мо дар шарикии дуҷониба бо Русия маҳсуб меёфт ва нисбат ба Владимир Путин бо эҳтироми хос муносибат мекард”.

“ИМА бо куштани Сулаймонӣ ба аблаҳии зиёд роҳ дода, акнун агар нерӯҳои низомиашро аз минтақаи Ховари Миёна хориҷ накунад, онро “Ветнами дуюм” интизор хоҳад буд”, – таъкид доштааст сиёсатмадори эронӣ.

Рӯзи душанбе, 6-уми январ дар Теҳрон маросими видоъ бо фармондеҳ Қосим Сулаймонӣ баргузор шуд, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Амрико бо фармони президенти ИМА Доналд Трамп ҳалок шуд. Дар ин ҳамла инчунин пешвои ниманизомиёни Ироқ Абӯ Маҳд-ал-Муҳандис ва дар маҷмӯъ 12 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар Вазорати мудофиаи ИМА амали худро ба худмуҳофизатии зарурӣ нисбат доданд, зеро Сулаймонӣ “ба дипломатҳо ва низомиёни амрикоии муқими Ироқ таҳдид мекард”. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки Сулаймонӣ ба амрикоиҳо дар Ироқ хатар эҷод мекард ва ӯро ба даст доштан дар ҳамлаи рӯзи 31-уми декабр ба сафорати ИМА дар Бағдод айбдор кард. Ба гуфтаи Трамп, Сулаймонӣ тахрибкори рақами 1 дар ҷаҳон буд.

Дар Эрон зарбаҳои ҳавоии ИМА-ро терроризм унвон карда, ба амалҳои ҷавобӣ таҳдид карданд. Роҳбари олии Эрон оятулло Алӣ Хоманаӣ барои қатли Сулаймонӣ “интиқоми сахт”-ро ваъда дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.