Парвандаи Гулнора Каримова ба суд фиристода шуд

Asia-Plus

Прокуратураи генералии Ӯзбекистон тафтиши парванда нисбат ба Гулнора Каримоваро ба итмом расонид.

“Прокуратураи генералӣ тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Гулнора Каримова ва дигар шахсонеро, ки дар ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша ба дуздии маблағҳои буҷет ва қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада дар кишварҳои хориҷӣ даст задаанд, ба поён расонид”, – хабар додаанд ба Podrobno.uz аз Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, айни замон парванда бо хулосаи айбнома ҷиҳати моҳиятан баррасӣ кардан ба суд фиристода шудааст.

Сухан дар бораи кадом парванда аст, маълумоти мушаххас надодаанд.

Моҳи декабри соли гузашта ба Гулнора Каримова айбномаи нав – ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки ба ғасби корхонаҳои саноатӣ машғул буд, пешниҳод шуд.

Ҳаҷми зарар аз амалҳои ғайриқонунии ӯ дар доираи парвандаи нав беш аз 165 млн. доллар ва 85 млрд. сӯм арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...