Парвандаи Гулнора Каримова ба суд фиристода шуд

Прокуратураи генералии Ӯзбекистон тафтиши парванда нисбат ба Гулнора Каримоваро ба итмом расонид. “Прокуратураи генералӣ тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Гулнора Каримова ва дигар шахсонеро, ки дар ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша ба дуздии маблағҳои буҷет ва қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада дар кишварҳои хориҷӣ даст задаанд, ба поён расонид”, – хабар додаанд ба Podrobno.uz аз […]

Прокуратураи генералии Ӯзбекистон тафтиши парванда нисбат ба Гулнора Каримоваро ба итмом расонид.

“Прокуратураи генералӣ тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Гулнора Каримова ва дигар шахсонеро, ки дар ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша ба дуздии маблағҳои буҷет ва қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада дар кишварҳои хориҷӣ даст задаанд, ба поён расонид”, – хабар додаанд ба Podrobno.uz аз Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, айни замон парванда бо хулосаи айбнома ҷиҳати моҳиятан баррасӣ кардан ба суд фиристода шудааст.

Сухан дар бораи кадом парванда аст, маълумоти мушаххас надодаанд.

Моҳи декабри соли гузашта ба Гулнора Каримова айбномаи нав – ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки ба ғасби корхонаҳои саноатӣ машғул буд, пешниҳод шуд.

Ҳаҷми зарар аз амалҳои ғайриқонунии ӯ дар доираи парвандаи нав беш аз 165 млн. доллар ва 85 млрд. сӯм арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.