Ҳукумат давоми сол $900 млн. сармоягузории хусусӣ ҷалб карданист

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки тӯли соли равон ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми беш аз 8,7 млрд. сомонӣ (наздики 900 млн. доллар) сармоягузории хусусӣ ҷалб кунад. Мувофиқи санадҳои дахлдори қабулшуда, соли 2020 ҳаҷми ҷалби сармояи хусусӣ бояд то ба 10%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ расонида шавад. Аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ ММД дар ҳаҷми […]

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки тӯли соли равон ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми беш аз 8,7 млрд. сомонӣ (наздики 900 млн. доллар) сармоягузории хусусӣ ҷалб кунад.

Мувофиқи санадҳои дахлдори қабулшуда, соли 2020 ҳаҷми ҷалби сармояи хусусӣ бояд то ба 10%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ расонида шавад. Аз рӯйи натиҷаҳои соли ҷорӣ ММД дар ҳаҷми 87,4 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти оморӣ, тайи 7 соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон 57,3 млрд. сомонӣ сармоягузориҳои хориҷӣ сурат гирифтааст, ки қариб 30 млрд. сомонии онро сармоягузориҳои мустақим ташкил медиҳанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон изҳор дошт, ки ҳукумат ба масъалаи сармоягузории соҳаҳои иқтисод ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Ӯ қайд кард, ки дар самти беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоягузориҳои хориҷӣ тадбирҳои мушаххас рӯйи кор гирифта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир сармоягузории хориҷӣ ба кишвар асосан аз Чин ворид мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон наздики 1,5 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, маблағи умумии сармоягузориҳои мустақим аз Русия, ки то соли 2017 аз лиҳози маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон пешсаф буд, алҳол аз ҳудуди 1 млрд. доллар нагузаштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.