Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Сафари муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс ба Тоҷикистон идома дорад. Дар Душанбе ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву энергетикӣ ва гуманитариро баррасӣ мекунад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар […]

АНОНС

– Сафари муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс ба Тоҷикистон идома дорад. Дар Душанбе ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву энергетикӣ ва гуманитариро баррасӣ мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6960 сомонӣ;

1 евро – 10.8586 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1560 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

 1930 — Қабули Қарори Шӯрои Комиссарҳои халқии ҶШС Тоҷикистон дар бораи бақайдгирӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ.

1952 — Мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи механикии Ленинобод.

2001 — Бо қарори ҳукумати ҶТ Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) таъсис дода шуд.

2016 — Ифтитоҳи расмии маҷмааи истироҳату сайёҳӣ ва лижаронии “Сафед-Дара”.

1924 — Зодрӯзи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон. Соли 2007 аз олам даргузашт.

1943 — Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб.

Имрӯз сарояндаи маъруфи тоҷик, яке аз ситораҳои ансамбли “Гулшан” Муқаддас Набиева аст. Ӯ дар авҷи камолоти ҳунар хеле ҷавон аз олам даргузашт. Бо вуҷуди гузашти 40 сол, таронаҳои ӯро то ҳол дар хотир доранду бо мароқ гӯш мекунанд.

https://www.youtube.com/watch?v=O9yTJK9G1W4

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Имрӯз яке аз ҷашнҳои муҳимтарини пайравони дини насронӣ – Мавлуди Исои Масеҳ таҷлил мешавад. Он дар беш аз 100 кишвари дунё иди давлатӣ аст. Маҳз дар ҳамин рӯз дар Санкт-Петербург бори нахуст ба муносибати ин ид арча гузошта шуд.

410 сол пеш дар ин рӯз Галилео Галилей радифҳои Юпитерро кашф кард. Онҳо 4 радифи бузургтарин муштарӣ мебошанд.

Дар ин рӯзи соли 1989 шоҳзодаи валиаҳд Акихито императори нави 125-уми Ҷопон эълон шуд. 30-юми апрели соли 2019 Акихито ихтиёрӣ аз тахт даст кашида, онро ба писари калонии худ шоҳзодаи валиаҳд Нарухито супурд. Тайи дусад соли охир Акихито аввалин императорест, ки ихтиёрӣ тахтро тарк кард. 

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон —  Ҳавои абрнок, дар водиҳо шабона ва саҳар борони суст борида. рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф), шабона бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11° хунук, рӯзона -1+4°, дар шарқи вилоят шабона 15-20° хунук, рӯзона 7-12° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф ), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок,дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф ) ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар борони суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (00,5мм). туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад..     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6-8° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.