Изҳори ҳамдардии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Рӯҳонӣ ва Зеленский

Asia-Plus

Имрӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳурони Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Украина Владимир Зеленский барқияҳои тасаллият ирсол кард.

«Хабари фоҷиаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурудгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии амиқ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро иброз медорам», – омадааст дар ин барқияҳо, ки матнашон комилан ҳамсон аст.

Рӯзи 8-уми январ тайёраи украинии Боинг-737 дар қарибии фурудгоҳи байнулмилалии Имом Ҳумайнии Теҳрон дучори садама шуд. Ҳукуматдорони Эрон сабаби суқути ҳавопайморо оташ гирифтани муҳаррик унвон карданд.

Дар ин тайёра 2 украинӣ ва наздики 13 сарнишин аз ин кишвар, ҳамчунин шаҳрвандони Эрон – 71 нафар, Канада – 73, Олмон – 4, Бритониёи Кабир – 3, Шветсия –  8 ва  Афғонистон – 6 кас парвоз доштанд. 

Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...