Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ҳукуматӣ ва додгоҳӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 8-уми январ дар як қатор сохторҳои ҳукуматӣ ва судӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.  Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Идигул Қосимзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомаш озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси кумита таъин гардид.  Қурбонзода то ин замон иҷрокунандаи раиси […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 8-уми январ дар як қатор сохторҳои ҳукуматӣ ва судӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. 

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Идигул Қосимзода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомаш озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Ҳилолбӣ Қурбонзода раиси кумита таъин гардид.  Қурбонзода то ин замон иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак буд.

Инчунин муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Марҳабо Латифзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз кор озод ва ба ҷойи ӯ Зулфия Давлатзода муовини аввали раиси кумита таъйин шуд.

Эмомалӣ Раҳмон судяи суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Саъдӣ Ҳоҷизода бинобар риоя накардани қонун ҳангомии баррасии парвандаҳо ва судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Парвиз Сайдализода бо хоҳиши худ аз кор озод кард.

Ба ҷуз ин, Маликшо Неъматзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон таъин гардид. Ӯ то ин замон дар вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ фаъолият дошт.

Қобили зикр аст, ки Идигул Қосимзода ба ҳайси номзад ба вакилии парлумон аз рӯйхати ҲХДТ пешбарӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.