КМИР: дар интихобот беш аз 500 нозири байнулмилалӣ иштирок мекунанд

Тоҷикистон бо дархости ба Душанбе фиристодани нозирон ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг)-и ҷараёни интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда расман ба давлатҳо, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, САҲА муроҷиат кард. Мувофиқи пешгӯии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, барои пайгирии ҷараёни баргузории интихобот беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ ба […]

Тоҷикистон бо дархости ба Душанбе фиристодани нозирон ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг)-и ҷараёни интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда расман ба давлатҳо, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, САҲА муроҷиат кард.

Мувофиқи пешгӯии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, барои пайгирии ҷараёни баргузории интихобот беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ ба ҷумҳурӣ меоянд.

“Аз рӯзҳои аввали соли нав КМИР тариқи ВКХ Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот ба Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, САҲА ва чанде аз кишварҳо даъватнома фиристод”, – гуфтанд дар КМИР ҶТ.

Ғайр аз ин, рафти интихобот ба парлумони ҷумҳуриро ҳамчунин наздики 1000 нафар нозирони маҳаллӣ назорат мекунанд.

Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, соли 2015 дар интихоботи парлумонӣ 525 нафар нозирон, аз ҷумла 175 нафар аз кишварҳои ИДМ, 35 нафар – аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, 167 нафар – аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА иштирок доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.