Изҳори ҳамдардии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Рӯҳонӣ ва Зеленский

Имрӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳурони Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Украина Владимир Зеленский барқияҳои тасаллият ирсол кард. «Хабари фоҷиаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурудгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии амиқ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон […]

Asia-Plus

Имрӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳурони Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Украина Владимир Зеленский барқияҳои тасаллият ирсол кард.

«Хабари фоҷиаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурудгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии амиқ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро иброз медорам», – омадааст дар ин барқияҳо, ки матнашон комилан ҳамсон аст.

Рӯзи 8-уми январ тайёраи украинии Боинг-737 дар қарибии фурудгоҳи байнулмилалии Имом Ҳумайнии Теҳрон дучори садама шуд. Ҳукуматдорони Эрон сабаби суқути ҳавопайморо оташ гирифтани муҳаррик унвон карданд.

Дар ин тайёра 2 украинӣ ва наздики 13 сарнишин аз ин кишвар, ҳамчунин шаҳрвандони Эрон – 71 нафар, Канада – 73, Олмон – 4, Бритониёи Кабир – 3, Шветсия –  8 ва  Афғонистон – 6 кас парвоз доштанд. 

Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.