БҶ: Дар Тоҷикистон камбизоатон бештар шуда, “норозӣ”-ҳо аз ҳаёт начандон зиёданд

Ҳамагӣ 8%-и хонаводаҳои пурсидашуда аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз ҳаёт “норозианд”. Тавре дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) қайд мешавад, дар доираи таҳқиқоти “Гӯш додан ба Тоҷикистон” ҳар моҳ беш аз 1,4 ҳазор хонавода иштирок мекунанд. Бо вуҷуди ин, қайд мешавад дар хабар, нисбат ба соли гузашта соли 2019 бештари тоҷикистониён худро камбизоат мешуморанд. […]

Ҳамагӣ 8%-и хонаводаҳои пурсидашуда аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз ҳаёт “норозианд”.

Тавре дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) қайд мешавад, дар доираи таҳқиқоти “Гӯш додан ба Тоҷикистон” ҳар моҳ беш аз 1,4 ҳазор хонавода иштирок мекунанд.

Бо вуҷуди ин, қайд мешавад дар хабар, нисбат ба соли гузашта соли 2019 бештари тоҷикистониён худро камбизоат мешуморанд.

Гуфта мешавад, қаноатмандӣ аз хизматрасониҳои таъмини барқ дар сатҳи паст боқӣ монда, ба хонаводаҳои камбизоат хавфи баланди нимсерӣ таҳдид мекунад.

“Тағйирёбии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба мавҷудияти ҷойҳои корӣ ва интиқоли пул вобаста аст, ки ҳар ду омили зикршуда қатъиян хусусияти мавсимӣ доранд”, – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

Бино ба маълумоти дипломатҳои русиягӣ, соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик наздики 3 млрд долларро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба беш аз 36%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.

Наздики 77%-и даромади аҳолии Тоҷикистон давоми солҳои 2008-2018 аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба даст омадааст.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии даромади аҳолии кишвар тӯли ин солҳо 39,6 млрд. доллар ва ҳаҷми умумии интиқоли пул – 30,4 млрд. долларро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.