Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тоҷикистону Қирғизистон аз муноқишаи навбатӣ дар сарҳад хабар дода, якдигарро ба иғвоангезӣ гунаҳкор мекунанд.

"Соати 21.20 дақиқаи 9-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон бидуни ягон асос мошини сабукрави шахсии шаҳрванди Тоҷикистон Зафар Аъзамовро сангборон карда, шишаҳои онро шикастанд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара.

Ба гуфтаи манбаъ, шаби 9 ба 10 январ тақрибан соати 02.00 дар марз тирпарронӣ ба ҳаво аз ҷониби шаҳрвандон ва низомиёни қирғиз бо истифода аз яроқи шикорӣ ва автомати Калашников сурат пазируфт.

“Тирпарронии бетартибона тахминан соати 02.30 пас аз дахолати намояндагони ШКД ва хадамоти сарҳадбонии ҳар ду ҷониб хотима ёфт. Миёни шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмишудагон ба қайд гирифта нашудааст”, – қайд кард манбаъ.

Дар изҳороти марбут ба ин қазия нашркардаи Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон гуфта мешавад, ки соати 00.40-и шаби 9 ба 10 январ дар мавзеи Жака-Оруқи ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд шахсони номаълум ба мошини шаҳрванди Қирғизистон, ки ба шаҳри Ботканд равона буд, сангпартоӣ карда, дар қаламрави Тоҷикистон пинҳон шудаанд.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон, тақрибан баъд аз як соат дар мавзеи Кочо-Карин шаҳрвандони Тоҷикистон ба мошини дигар шаҳрванди Қирғизистон, ки аз Ботканд ба деҳаи Кӯк-Тош мерафт, сангпартоӣ карда, шишаи пеши онро шикастаанд.

“Тахминан соати 2.40 шаҳрвандони Тоҷикистон сӯйи манзили шаҳрванди Қирғизистон дар мавзеи Даҳма сангпартоӣ карданд. Ба сӯи сарҳадбонон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба хонаи шаҳрванди Қирғизистон мерафтанд, аз ҷониби Тоҷикистон аз силоҳи шикорӣ тирпарронӣ сурат пазируфт. Тирпарронӣ бо танаффус идома ёфта, танҳо аз ҷониби Тоҷикистон анҷом дода шуд”, – қайд мекунад Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон.

Тибқи иттилои манбаи “Азия-Плюс” дар Исфара, субҳи имрӯз вазъ дар марзро дастаҳои тақвиятёфтаи марзбонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳар ду ҷониб зери назорат гирифтаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади давлатҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин харитаи интерактивии мо “нуқтаҳои доғ”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо зикри низоъҳои охир ва сабаби онҳо нишон дода шудаанд. Ҳамчунин дар харита постгоҳҳои назоратӣ зикр гардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...