Вазорати тандурустӣ: Ташхис барои хатнаи кӯдакони то 1-сола бепул аст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор медорад, ки гузаронидани ташхиси Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО / ВИЧ) ва гепатит пеш аз хатнаи писарони то 1-сола бепул аст. Мудири кафедраи тибби мардумии маркази тиббии “Истиқлол”-и пойтахт Акбаршоҳ Аҳмадзода ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфт, ки мувофиқи қарори ҳукумат №600, дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ гузаронидани хатнаи […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор медорад, ки гузаронидани ташхиси Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО / ВИЧ) ва гепатит пеш аз хатнаи писарони то 1-сола бепул аст.

Мудири кафедраи тибби мардумии маркази тиббии “Истиқлол”-и пойтахт Акбаршоҳ Аҳмадзода ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфт, ки мувофиқи қарори ҳукумат №600, дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ гузаронидани хатнаи писарони синни то 1-сола, ҳамчунин гузаштан аз ташхиси ВНМО ва гепатит ройгон мебошад.

“Волидон маҳз ҳамин банд, яъне маҳдудияти синнусолӣ барои супурдани ташхисро дуруст намедонанд. Онҳо бояд донанд, ки хатна, ташхиси умумии хун, ташхиси ВНМО ва гепатит барои кӯдакони синни то 1-сола бепул гузаронида мешавад. Барои кӯдакони синни аз 1-сола боло ҳамаи ин пулакӣ аст”, – изщор дошт табиб.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳар як муассисаи тиббӣ, ки дар он хатнаи писарон гузаронида мешавад, озмоишгоҳе мавҷуд аст, ки дар он метавон аз ташхис гузашт, яъне ҳамаи корҳо дар як ҷо гузаронида мешавад.

Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ гуфтаҳои табибро тасдиқ карда, иброз доштанд, ки ҳамаи ташхисҳои дахлдор барои маросими хатнаи кӯдакони синни то 1-сола бепул гузаронида мешавад. Волидони кӯдакони синни аз 1-сола боло танҳо барои ташхис маблағ пардохт карда, гузаронидани хатна барои кӯдакони ҳамаи синнусол бепул аст.

Барои гузаронидани он волидонро лозим аст, ки якчанд ҳуҷҷат пешниҳод кунанд, аз ҷумла, маълумотнома аз таваллудхона ё шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи яке аз волидон ва маълумотнома дар бораи гузаронидани ташхисҳо.

Бино ба маълумоти Маркази пешгирӣ ва мубориза бо Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) Тоҷикистон, тест-ташхиси фаврии ВНМО 22 сомонӣ ва ташхиси хун аз раг барои ВНМО 23-26 сомонӣ нарх дорад. Барои шахсоне, ки ба гурӯҳи осебпазир шомиланд (афроде, ки наздиконашон аз ВНМО сироят ёфтаанд, нашъамандон ва ғайра) ташхисҳо бепул аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.