Эрон ба Тоҷикистон барои анҷоми сохтмони нақби “Истиқлол” $5,5 млн. грант медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Эрон барои идома ва анҷоми бунёди нақби “Истиқлол”, ки қисмати марказии Тоҷикистонро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, дар ҳаҷми 5,5 млн. доллар кумаки бебозгашт (грант) ҷудо мекунад.

Дар ин хусус дар лоиҳаи қарордоде сухан меравад, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати рушди захираҳои обӣ ва энергетикии Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати энергетикаи ин кишвар имзо мекунанд.

Мувофиқи лоиҳа, ин маблағҳо ба амалисозии марҳилаи дуюми сохтмони нақб, ки дар он анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва насби низомҳои рӯшноидиҳӣ, ҳавокашӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, ҳамчунин назорати бехатарӣ ва идоракунии иншоот пешбинӣ шудааст, равона мешаванд.

Маблағгузории иловагӣ барои идома ва анҷоми бунёди нақби “Истиқлол” ба сурати умум дар ҳаҷми 11 млн. доллар пешбинӣ шудааст. Тибқи санаде, ки бо Эрон ба имзо мерасад, маблағи боқимондаро дар ҳаҷми 5,5 млн. доллари дигар ҳукумати Тоҷикистон ҷудо мекунад.

Ба иҷрои ин корҳо ширкати эронии “Фароб” машғул хоҳад шуд, ки бо дигар ширкати эронии “Собир” дар сохтмони ин иншоот иштирок карда буд.

Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.

Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор шуд. Лекин аз сабаби хатои лоиҳакашон, аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.

Моҳи апрели соли 2014 ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора шурӯъ кард, вале аз сабаби қатъи маблағгузорӣ он боздошта шуд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми $6 млн. иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме $3 млн. ҷудо мекунанд.

Аммо соли 2016 муносиботи ду кишвар пас аз даъвати раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ ба як конфронси байнулмилалӣ ба Эрон сард шуда, танҳо соли гузашта каме рӯ ба беҳбудӣ овард.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километр аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...