Душанбе Бишкекро ба риояи созишҳои қаблан дар мавриди сарҳад ҳосилшуда даъват карданист

Душанбе бар ин назар аст, ки Бишкек меъёрҳои протоколи қаблан имзошударо оид ба пешниҳоди маълумот дар бораи рӯйдодҳои ҷараёндошта дар сарҳад умуман риоя намекунад. Имрӯз, 14-уми январ дар шаҳри Исфара вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ баргузор мешавад. Ба ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазир Азим Иброҳим прокурори […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Душанбе бар ин назар аст, ки Бишкек меъёрҳои протоколи қаблан имзошударо оид ба пешниҳоди маълумот дар бораи рӯйдодҳои ҷараёндошта дар сарҳад умуман риоя намекунад.

Имрӯз, 14-уми январ дар шаҳри Исфара вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ баргузор мешавад.

Ба ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазир Азим Иброҳим прокурори генералӣ, раиси КДАМ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ шомиланд.

Ҳайати кишвари ҳамсояро дар гуфтушунид муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов роҳбарӣ мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз масоили гуфтушунид хабар дод, қаблан ҷонибҳо дар бораи махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи рӯйдодҳои ҷараёндошта дар сарҳад протокол имзо карда буданд.

“Барои пешгирии бад шудани вазъ дар қитъаҳои баҳсноки марзи ду кишвар чунин тасмим гирифта шуд, аз ҷумла, дар протокол ҷонибҳо уҳдадор шуданд, ки танҳо маълумоти аз ҳар ду ҷониб мувофиқашударо ба ВАО пешниҳод мекунанд”, – қайд кард манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, “Бишкек ҳамеша меъёрҳои ин протоколро нодида мегирифт ва дар бораи рӯйдодҳои дар марз ҷараёндошта маълумоти яктарафа ва баъзан таҳрифшударо пешниҳод мекард”.

Имрӯз зимни вохӯрии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара риояи талаботи протоколи зикршуда баррасӣ мешавад.

Тавре қаблан хабар дода будем, ҳайати Тоҷикистон умедвор аст, ки дар Исфара бобати минбаъд роҳ надодан ба муноқишаҳо дар сарҳад ва ҳалли ниҳоии масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани созмондиҳандагони ин низоъҳо созиш ҳосил мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.