Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС -Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазир Азим Иброҳим дар Исфара бо ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии муовини сарвазири ин кишвар Жениш Раззоқов доир ба масъалаи роҳ надодан ба бесуботӣ дар сарҳади ҳар ду кишвар гуфтушунид мегузаронад. – Шурӯъ аз имрӯз роҳи ҳаракати автобуси №29, ки аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) то маҳаллаи Пахтакор (Гипрозем) равуо […]

АНОНС

-Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазир Азим Иброҳим дар Исфара бо ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии муовини сарвазири ин кишвар Жениш Раззоқов доир ба масъалаи роҳ надодан ба бесуботӣ дар сарҳади ҳар ду кишвар гуфтушунид мегузаронад.

– Шурӯъ аз имрӯз роҳи ҳаракати автобуси №29, ки аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) то маҳаллаи Пахтакор (Гипрозем) равуо мекунад, тағйир меёбад. Дар робита ба ифтитоҳи маҷмааи савдои Кӯшониён, ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, минбаъд автобуси №29 аз маҳаллаи Пахтакор то маркази савдои “Кӯшониён” равуо хоҳад кард.

– Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии асарҳои рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев, ки чанде қабл аз олам даргузашт, ба кораш идома медиҳад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6962 сомонӣ;

1 евро – 10.7841 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1912 — Дар Санкт-Петербург аввалин Китобхонаи давлатии оммавӣ кушода шуд.

1939 — Дар Тоҷикистон нахустин пойгоҳи зилзиласанҷии «Душанбе» ба кор даромад.

1959 — Дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии XII-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

2004 — Дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

2010 — Вазорати энергетикаи ҶТ лоиҳаи аз ҷониби паймонкори кулл – ширкати чинии CTEAS пешниҳодшуда дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод-1»-ро маъқул шуморид.

2017 — Реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) дар Тоҷикистон пурра бекор карда шуд.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

40 сол пеш Иҷлосияи фавқулодаи СММ вуруди нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравиро ба Афғонистон маҳкум кард. То 15-уми сентябри соли 1989 тамоми қисмҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16° хунук, рӯзона 2-7° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 8-13° хунук, рӯзона 0-5 хунук, дар шарқи вилоят шабона 18-23° хунук, рӯзона 3-8° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо шабона ва саҳар барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2-7° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона 8-13 хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 4-6° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳар барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 4-6° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 9-11° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.