Се медали муштзанҳои навраси тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии Тошканд

Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс миёни наврасон муштзанҳои тоҷик соҳиби 3 медал шуданд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур аз 6 то 10-уми январ дар пойтахти Ӯзбекистон ҷараён гирифта, варзишгарони тоҷик сазовори 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд. Дар ин қувваозмоӣ наздики 200 варзишгари соли таваллудашон 2004-2005 аз чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, […]

Дар мусобиқаи байнулмилалии бокс миёни наврасон муштзанҳои тоҷик соҳиби 3 медал шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур аз 6 то 10-уми январ дар пойтахти Ӯзбекистон ҷараён гирифта, варзишгарони тоҷик сазовори 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.

Дар ин қувваозмоӣ наздики 200 варзишгари соли таваллудашон 2004-2005 аз чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия аз рӯйи 15 категорияи вазнӣ байни ҳам рақобат карданд.

Аз шумори варзишгарони тоҷикистонӣ Алишер Саидов дар вазни 44кг ва Абубакр Муродов дар вазни 54кг сазовори медалҳои нуқра шуда, Нурланбек Ёрматов дар вазни 63кг медали биринҷиро ба гардан овехт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.