Сиёсатшинос: “Тоҷикистониён ба зодгоҳи роҳбарон менигаранд”

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Охири ҳафтаи гузашта Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоир Зокирзодаро номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ кард.

Аксари кулли таҳлилгарон ва коршиносони тоҷик мутмаинанд, ки маҳз Маҳмадтоир Зокирзода раиси ояндаи палатаи поёнии парлумони кишвар интихоб мешавад.

Пешгӯиҳои худро дар ин маврид коршиносон бо он асоснок мекунанд, ки мувофиқи қонунҳои нонавишта дар кишвар, кайҳо муқаррар шудааст, агар сарвари давлат зодаи Хатлон бошад, пас сарвазир бояд аз вилояти Суғд ва раиси парлумон аз минтақаи Рашт намояндагӣ кунанд.

Шурӯъ аз соли 2000-ум раисони палатаи поёнии парлумон маҳз зодагони Рашт буданд: Сайдулло Хайруллоев (ду даъват) ва Шукурҷон Зуҳуров (ҳамчунин ду даъват). Бо назардошти ин, коршиносон мутмаинанд, ки маҳз Зокирзода раиси нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб мешавад.

Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, “секунҷаи маъруф” дар мақомоти олии кишвар аз се минтақаи Тоҷикистон боқимондаи даврони шӯравист, ки барои нигоҳ доштани созиш байни табақаҳои ҳукмрони маҳаллӣ роҳандозӣ шудааст.

Ба ақидаи коршинос, замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои аввали расидан ба ваҳдати миллӣ ин шакл бо талошҳои табақаҳои ҳукмрони минтақавӣ созгор буд.

“Аммо худи ҷараёни ҳамгироӣ таҳия ва ҷорисозии дигар шаклҳои ҳамкории мутақобилаи шохаҳои ҳокимиятро талаб мекунад”, – мутмаин аст Мамадазимов.

Сиёсатшинос пешниҳод мекунад, ки минбаъд ҷараёни интихоби раиси парлумон бар асоси рақобат аз ҷониби худи вакилон (бидуни тавсия ё дахолати ҳокимияти иҷроия) амалӣ шавад.

“Шакли минбаъда бояд мавқеи ҳокимияти судиро пурзӯр намояд, ки дар он ваколатҳои интихоб ва бозхонди судҳои зинаҳои гуногун ба ихтиёри Суди олӣ дода мешавад. Вақте ки тамоми ҷаҳон ба назорат ва баҳодиҳии фаъолияти амалии сарвазирон, раисони парлумон ва сарварони давлатҳо машғул аст, мо ба макони қайди онҳо ҳамзамон бо муқоисаи масофаи маҳалли худ ба зодгоҳи онҳо нигоҳ мекунем”, – таъкид дошт Мамадазимов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...