Сиёсатшинос: “Тоҷикистониён ба зодгоҳи роҳбарон менигаранд”

Охири ҳафтаи гузашта Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоир Зокирзодаро номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ кард. Аксари кулли таҳлилгарон ва коршиносони тоҷик мутмаинанд, ки маҳз Маҳмадтоир Зокирзода раиси ояндаи палатаи поёнии парлумони кишвар интихоб мешавад. Пешгӯиҳои худро дар ин маврид коршиносон бо он асоснок мекунанд, ки мувофиқи қонунҳои нонавишта дар кишвар, кайҳо муқаррар […]

Охири ҳафтаи гузашта Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоир Зокирзодаро номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ кард.

Аксари кулли таҳлилгарон ва коршиносони тоҷик мутмаинанд, ки маҳз Маҳмадтоир Зокирзода раиси ояндаи палатаи поёнии парлумони кишвар интихоб мешавад.

Пешгӯиҳои худро дар ин маврид коршиносон бо он асоснок мекунанд, ки мувофиқи қонунҳои нонавишта дар кишвар, кайҳо муқаррар шудааст, агар сарвари давлат зодаи Хатлон бошад, пас сарвазир бояд аз вилояти Суғд ва раиси парлумон аз минтақаи Рашт намояндагӣ кунанд.

Шурӯъ аз соли 2000-ум раисони палатаи поёнии парлумон маҳз зодагони Рашт буданд: Сайдулло Хайруллоев (ду даъват) ва Шукурҷон Зуҳуров (ҳамчунин ду даъват). Бо назардошти ин, коршиносон мутмаинанд, ки маҳз Зокирзода раиси нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб мешавад.

Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, “секунҷаи маъруф” дар мақомоти олии кишвар аз се минтақаи Тоҷикистон боқимондаи даврони шӯравист, ки барои нигоҳ доштани созиш байни табақаҳои ҳукмрони маҳаллӣ роҳандозӣ шудааст.

Ба ақидаи коршинос, замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои аввали расидан ба ваҳдати миллӣ ин шакл бо талошҳои табақаҳои ҳукмрони минтақавӣ созгор буд.

“Аммо худи ҷараёни ҳамгироӣ таҳия ва ҷорисозии дигар шаклҳои ҳамкории мутақобилаи шохаҳои ҳокимиятро талаб мекунад”, – мутмаин аст Мамадазимов.

Сиёсатшинос пешниҳод мекунад, ки минбаъд ҷараёни интихоби раиси парлумон бар асоси рақобат аз ҷониби худи вакилон (бидуни тавсия ё дахолати ҳокимияти иҷроия) амалӣ шавад.

“Шакли минбаъда бояд мавқеи ҳокимияти судиро пурзӯр намояд, ки дар он ваколатҳои интихоб ва бозхонди судҳои зинаҳои гуногун ба ихтиёри Суди олӣ дода мешавад. Вақте ки тамоми ҷаҳон ба назорат ва баҳодиҳии фаъолияти амалии сарвазирон, раисони парлумон ва сарварони давлатҳо машғул аст, мо ба макони қайди онҳо ҳамзамон бо муқоисаи масофаи маҳалли худ ба зодгоҳи онҳо нигоҳ мекунем”, – таъкид дошт Мамадазимов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.