Як моҳ ҳабси шаҳрвандони Қирғизистон барои шикастани шишаи мошини тоҷикистонӣ

Шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон пас аз муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону ҳамсоякишвар як моҳ дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Онҳо ба иғвоангезии муноқиша дар сарҳад гумонбар дониста мешаванд. Тавре хабаргузории 24.kg бо истинод ба хадамоти матбуоти РКД Ботканд иттилоъ медиҳад, суди ноҳияи Қадамҷой чанде қабл дар ин хусус қарор қабул кардааст. Барои шикастани шишаи мошини шаҳрванди Тоҷикистон […]

Шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон пас аз муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону ҳамсоякишвар як моҳ дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Онҳо ба иғвоангезии муноқиша дар сарҳад гумонбар дониста мешаванд.

Тавре хабаргузории 24.kg бо истинод ба хадамоти матбуоти РКД Ботканд иттилоъ медиҳад, суди ноҳияи Қадамҷой чанде қабл дар ин хусус қарор қабул кардааст.

Барои шикастани шишаи мошини шаҳрванди Тоҷикистон милитсия шоми 11-уми январ Нурбек Сапарбаев, Усен Сапарбаев, Зайнидин Бердиев ва Улуғбек Сапарбаевро боздошт кардааст.

“Аз рӯйи ин ҳодиса мутобиқи моддаи “Авбошӣ” парванда оғоз шуда, 4 сокини деҳаи Кӯк-Тош ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шуданд”, – изҳор доштаанд дар РКД вилояти Ботканд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Исфара гуфтушуниди ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда, зимнан масоили таъйин ва аломатгузории хатти сарҳади кишварҳо баррасӣ мешавад.

Ба ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазир Азим Иброҳим прокурори генералӣ, раиси КДАМ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ шомиланд.

Ҳайати кишвари ҳамсояро муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов роҳбарӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.