Тоҷикистон барои сохтмони роҳ аз канори обанбори Роғун $150 млн. қарз ҷалб мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон ҷалби қарзи Бонки аврупоии таҷдиду рушдро ба маблағи 150 млн. доллар барои сохтмони қитъаи 44-километраи роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод ба нақша гирифтааст. Лоиҳаи созишномаи қарзӣ таҳия ва бо қарори ҳукумат ҷиҳати маъқул шуморидан ва имзо ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода шудааст. Моҳи декабри соли гузашта Бонки осиёии рушд (БОР) ҷудо кардани грантро дар ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ҷалби қарзи Бонки аврупоии таҷдиду рушдро ба маблағи 150 млн. доллар барои сохтмони қитъаи 44-километраи роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод ба нақша гирифтааст.

Лоиҳаи созишномаи қарзӣ таҳия ва бо қарори ҳукумат ҷиҳати маъқул шуморидан ва имзо ба вазорату идораҳои дахлдор фиристода шудааст.

Моҳи декабри соли гузашта Бонки осиёии рушд (БОР) ҷудо кардани грантро дар ҳаҷми 110 млн. доллар барои сохтмони қитъаи 30-километраи ин роҳи мошингард, ҳамчунин бунёди 30 километр роҳҳои дуюмдараҷа байни деҳоти роҳи Обигарм ва Нуробод маъқул донист.

Сохтмони роҳ ба масофаи 75 километр аз канори обанбори Роғун ба се қисмат ҷудо мешавад. БОР ва Фонди рушди байнулмилалии ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) ҳамроҳ ба бунёди қитъаи 30-километраи роҳ аз Обигарм то Тоҷи Қамар, аз ҷумла, ду нақб бо масофаи умумии 3,3 километр маблағгузорӣ мекунанд, ки тақрибан 178 млн. доллар арзёбӣ мешавад.

Барои бунёди ин роҳ ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷалби қарзи Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ дархост пешниҳод кардааст.

Аз ҳисоби маблағҳои ин бонк сохтмони пул дар обанбори нерӯгоҳи Роғун ва роҳҳои ҳамшафат ба он пешбинӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.