Маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои Амрикову Иттиҳоди Аврупо ва Чин роҳ меёбад

Иттилоияи расмии Палатаи савдо ва саноати ҶТ

Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш оид ба афзун гардонидани содироти молу маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза баён шуданд ва дар асоси дастгириҳои ҳукумати мамлакат чиҳати афзун намудани содироти молу маҳсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо соҳибкорону корхонаҳои истеҳсолӣ бо мақсади рушди содирот ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ба ин масъалаҳо диққати махсус дода мешавад.

Аъзои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон,  ҶДММ “Субҳи Ватан” корхонаи консервбарорӣ мебошад, ки моҳи майи соли 2013 дар шахри Исфара таъсис ёфта, ба истифода дода шудааст ва махсулоти худро бо бренди «Ширин» истеҳсол менамояд.                 

ҶДММ “Субҳи Ватан” маҳсулоти худро асосан то соли 2019 ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содирот менамуд.

Дар асоси дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорони ватанӣ ва содироткунандагон роҳбарияти ҶДММ “Субҳи Ватан” фаъолиятро дучанд намуда, соли 2019 намудҳои гуногуни себи хушкро ба Олмон содирот намуд. Инчунин бори аввал маҳсулотҳои ин корхона ба монанди анзур, ғӯраоб ва барги ток ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  низ содирот карда шуд.

Роҳбари ҶДММ “Субҳи Ватан” соли 2020 дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ният дорад ба ба харидорони мушаххас дар ИМА навъҳоии гуногуни хушкмеваҳо, афшураҳои зардолу, олу, шафтолу ва помидорро, ки бо сифати баланд бастубанд шуданд, содирот намояд.

Маҳсулоти ин коргоҳро инчунин харидорон аз кишварҳои Туркия, Литва ва Ҷумҳурии Қазоқистон дархост кардаанд, ки соли 2020 содирот карда мешаванд ва иқтидори солонаи корхонаро ният дорад ба панҷ миллион қуттии шартӣ расонад.

Боиси зикр аст, ки иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «ЭКСПО 2019» дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сабаб гардид, ки ҶДММ «Зардолу ва компания» аз ноҳияи Ашт то ба имрӯз дар 14 намоишгоҳҳои гуногун дар як қатор музофотҳои Чин аз қабли Чун Син, Синдао, Нантонг, Сиан, Шанхай, Чанша, Ухан, Нанкин, Тайгу, Тайюан ва Чинду иштирок карда, дар ин давра зиёда аз 7.5 тонна намудҳои гуногуни меваи хушки ватаниро ба фурӯш баровардааст.

Тибқи маълумотҳо, талабот ба чунин меваҳои хушки ватанӣ зиёд гардида истодааст ва ҶДММ «Зардолу ва компания» нақша дорад, ки содироти онро дар соли ҷорӣ афзун намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...