Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев, ки чанде қабл аз олам даргузашт, идома меёбад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА – 9.6913 сомонӣ; 1 евро – 10.8019 сомонӣ;                      1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ. ЯК РӮЗИ […]

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи "Серена Душанбе" намоишгоҳи шахсии рассоми маъруф Фаррух Хоҷаев, ки чанде қабл аз олам даргузашт, идома меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6913 сомонӣ;

1 евро – 10.8019 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1570 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1963 — Котиби якуми КМ ҲКИШ, раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Н.С.Хрущев пиромуни дар ИҶШС мавҷуд будани бомбаи 100-мегатоннаи водородӣ маълумот дод.

2003 — Суди шаҳри Душанбе Р.Қаландаровро тибқи парвандаи куштори раиси Кумитаи давлатии телевизиону радио С.Раҳимов  ба ҳукми қатл маҳкум кард.

2009 — Хабарнигори агентии иттилоотии «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов дар синни 62-солагӣ бемаҳал дар Душанбе аз олам даргузашт.

2018 — Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони мораторияи дусола ба ҳама гуна навъҳои санҷиши субъектҳои истеҳсолии соҳибкорӣ фармон ба имзо расонид.

1899 — Зодрӯзи нахустин Комиссари халқии маорифи ҶШСА Тоҷикистон (1924-1927) доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Ҳамасола 16 январ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзи озодии мазҳаб (Religious Freedom Day) ҷашн гирифта мешавад.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), танҳо дар охири рӯз дар доманакӯҳо барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок,дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона аз 7-12° хунук то 14-19° хунук, рӯзона 1-6 хунук, дар шарқи вилоят шабона аз 28-33° хунук рӯзона 8-13° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм),танҳо нимаи дуюми рӯз барфи суст борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4 хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, танҳо охири рӯз дар баъзе ҳолатҳо барфи сустмеборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 12-14° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.