Дар Тоҷикистон шаклҳои нави баҳогузорӣ ба дониши хонандагонро ҷорӣ карданиянд

Ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шаклҳои навоварона (инноватсионӣ)-и баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад. Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ҳисоботи вазири маориф ва илм дар бораи рафти татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Тоҷикистон то соли 2020 дастур дод, ки бо назардошти таҷрибаи […]

Ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шаклҳои навоварона (инноватсионӣ)-и баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад.

Раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ҳисоботи вазири маориф ва илм дар бораи рафти татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Тоҷикистон то соли 2020 дастур дод, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ дар муассисаҳои маълумоти умумӣ шаклҳои навоваронаи баҳогузорӣ роҳандозӣ шавад.

Ҳамчунин дар қарори ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сифати маълумот бо ҷорӣ сохтани тарзҳои салоҳиятноки таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил дастуру супоришҳо дода шудааст.

Ба ҷуз ин, Вазорати маориф бояд барои таъмини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо мутахассисони ҳирфаӣ ва китобҳои дарсӣ тадбирҳо андешад.

Боз дастур дода шудааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ маблағгузории сарикасӣ ҷорӣ шавад.

Илова бар ин, дар қарор зикр мешавад, ки муайян кардани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифода аз нишондиҳандаҳои рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон роҳандозӣ гардад.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тадриҷан ба меъёрҳои ҷаҳонии таълим мутобиқ гардонида шавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон низоми 5-баллии баҳогузорӣ амал мекунад: “1” – бад; “2” – миёна; “3” – қаноатбахш; “4” – хуб ва “5” – аъло.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.