Хадамоти махсус: қаламрави Афғонистон ба майдони ҳарбу зарб табдил ёфтааст

Рӯзҳои 14-15-уми январ раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи ин хадамот бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, зимни сафар ӯ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дидору гуфтушунид кард. Дар рафти музокирот масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар таъмини […]

АМИТ “Ховар”

Рӯзҳои 14-15-уми январ раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмад Зиё Сироҷ бо ҳайати баландпояи ин хадамот бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, зимни сафар ӯ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дидору гуфтушунид кард.

Дар рафти музокирот масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба дар таъмини амнияти минтақа, суботу оромии Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим муҳокима гардиданд.

Ҷониби Афғонистон, ки дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қарор дорад, изҳор дошт, ки бо мақомоти низомию амниятии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба манфиати ду кишвар ва минтақа дар вобастагӣ бо хатарҳои нави геополитикӣ, таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Тарафҳо ибрози нигаронӣ карданд, ки қаламрави Афғонистон бо дахолати қувваҳои муайяни тахрибкори байналмилалӣ ба майдони ҳарбу зарб табдил ёфтааст. Ин ҳолат, боиси эҷоди хавфу хатар барои кишварҳои ҳамсоя низ мебошад.

Дар алоқамандӣ бо вазъияти бавуҷудомада, таҳдиди мустақими созмонҳои террористии байналхалқӣ, аз ҷумла «ал-Койида», «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати ислом», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва ғайра таъкид гардид.

Ҷониби Тоҷикистон миннатдории худро ба Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон ҷиҳати ошкор сохтан, муборизаи беамон бурдан ба муқобили  гурӯҳҳои террористие, ки омодагии махсус дида, барои содир намудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Тоҷикистон супориш гирифта буданд, изҳор дошт.

Тарафҳо омодагии худро барои боз ҳам амиқтар гардонидани ҳамкориҳо барои таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир таъкид карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.