КМИР Тоҷикистон ба сабти расмии номзадҳо ба вакилии парлумон оғоз мекунад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январ бақайдгирии расмии номзадҳои пешбаришударо ба вакилии палатаи поёнии парлумони кишвар оғоз мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Наврӯз Самадзода хабар дод, ҷараёни бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон то 9-уми феврал идома меёбад. Пас аз ин ҳамаи номзадҳои расман […]

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январ бақайдгирии расмии номзадҳои пешбаришударо ба вакилии палатаи поёнии парлумони кишвар оғоз мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Наврӯз Самадзода хабар дод, ҷараёни бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон то 9-уми феврал идома меёбад.

Пас аз ин ҳамаи номзадҳои расман сабтшуда ба вакилии парлумон дар ҳавзаҳои интихоботии худ метавонанд маъракаи густардаи таблиғотӣ гузаронанд.

Қаблан КМИР Тоҷикистон муқаррар кард, ки барои истифодаи телевизион ва радиои давлатӣ ба ҳар кадоме аз ҳизбҳои сиёсии кишвар то 40 дақиқа ва ба ҳар як номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа ройгон вақти эфирӣ ҷудо карда мешавад.

Ғайр аз ин, барои ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи якмандатии интихобот дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чопи ройгони маводи ташвиқотӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ, шрифти 14 муқаррар карда шуд. Дар дигар ҳолатҳои истифодаи васоити хабори умум низ ҳамин гуна тартибот амал мекунад.

Ба ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 63 нафар вакилон – 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 вакил тибқи рӯйхати ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявии интихоботӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.