Фарида пас аз 5 ҷарроҳию мушкилоти рӯзгор соҳиби ҷойи кор шуд

Мадина Почоева, махсус барои Asia-Plus

Барои фаъолияти маъюби гурӯҳи дуюм Фарида Қодирова дари чандин коргоҳу муассиса баста буд. Мушкилоти ӯ дар шабакаи иҷтимоии Facebook инъикос шуд. Сипас ӯро дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба кор қабул карданд.

Фарида бо модару хоҳараш Фирӯза дар хонаи модаркалон дар ҷамоати деҳоти Унҷи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ доранд. Модараш дар бозор машғули нонфурӯшӣ буда, ҳамарӯза 25 сомонӣ музди кор мегирад. Бо амри тақдир аз падар ҷудо ҳастанд.

Соли 2019 Фарида коллеҷи тиббии шаҳри Гулистонро хатм кард. Ӯ дипломашро гирифта, бо умеди дарёфти ҷойи кор ба беморхонаи назди маҳалли истиқоматаш равона шуд, аммо бенатиҷа.

Ба гуфтаи ӯ, дармонгоҳи мазкур ягона ҷойи муроҷиаташ набуда, тӯли 6 моҳи соли гузашта то ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва вилояти Суғд рафтааст.

Фарида Қодирова соли 2008 дар синни 11-солагӣ дучори садама гардида, то ин дам пойи чапаш 5 маротиба ҷарроҳӣ шудааст.

“Маблағи се ҷарроҳии маро худи ронанда, ки марди пиронсоли 72-сола буд, пардохт кард. Бори чаҳорум маблағро модарам супорида, ҷарроҳии охирин бо дастгирии барномаи хайриявии “Ормон” пардохт шуд”, – нақл мекунад ӯ.

Фарида мегӯяд, тӯли 3 соли таҳсилаш маблағи шартномаи коллеҷро, ки 4300 сомонӣ дар як сол буд, модараш месупорид. Вай акнун мехоҳад, пайваста кор карда, ёвару дастгири модараш бошад.

Мудири озмоишгоҳи санитарию гигиении Маркази мазкур Мутрибахон Ашрафова иброз дошт, ки Фарида сарфи назар аз мушкилоти нисбии ҳаракат (ӯ бо асо роҳ мегардад), духтари чаққон буда, аз рӯзи аввал бо масъулияти зиёд ба кор шурӯъ кард.

Ҳайати кормандони муассиса  аз шиносоӣ ва ҳамкорӣ бо Фарида хурсанд буда, аз ин духтар фаъолияти пурсамар интизор доранд. Барои ӯ бо мусоидати роҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд Султон Раҳмонзода ғизои нисфирузӣ ва роҳкиро низ таъмин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...