Роҳи Душанбе-Хуҷанд бо сабаби тармафароӣ муваққатан баста шуд

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 22-юми январ дар натиҷаи фаромадани тармаҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан қатъ карда шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон Далер Мерганов хабар дод, айни замон кормандони ширкат ба тозакунии роҳ аз барфтӯдаҳо машғуланд.

“Субҳи имрӯз дар якчанд қитъаҳои роҳ тарма фаромада, дар дигар қитъаҳо хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Муддати якчанд соат ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд. Корҳои бартараф кардани оқибатҳои тармафароӣ ва тозакунии роҳ аз барф идома доранд. Аз фаромадани тармаҳо касе осеб надидааст”, – қайд кард Мерганов.

Ба гуфтаи номбурда, ширкат ният дорад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиётро тавассути ин роҳ дар нимаи дуюми рӯз барқарор кунад.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки имрӯз, 22-юми январ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи ҳаво боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо барф меборад.

Рӯзи 23-юми январ ҳангоми соф шудани ҳаво шабона ва саҳаргоҳон сардшавӣ шиддат гирифта, дар водиҳо то 3-80 хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 13-180 хунук, дар мавзеъҳои баландкӯҳ 35-400 хунук (дар мавзеи Булункӯл то -500 хунук) пешгӯйӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...