Соли 2019 ҳар чорумин сокини Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид кард

Asia-Plus

Аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 12,93 млн. нафар аз Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷа сафар кардаанд, ки нисбат ба соли пешин (2018) 6,5% камтар аст.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, қисмати зиёди шаҳрвандони ба кишварҳои ҳамсоя сафаркарда ба Қазоқистон – 42,4% (5480,6 ҳазор нафар), инчунин ба Қирғизистон – 29,9% (3871,0 ҳазор нафар), Тоҷикистон – 11,7% (1510,0 ҳазор нафар) ва Русия – 10,2% (1323,9 ҳазор нафар) рост меояд.

Тавре хабаргузории Podrobno.uz иттилоъ медиҳад, 6,7 млн. нафар сайёҳон соли 2019 аз кишвари ҳамсоя боздид кардааанд. Зиёда аз 80%-и онҳо ба меҳмонӣ назди хешону дӯстон ва танҳо 15,5% барои истироҳат омадаанд.

Аз ҳама бештар шаҳрвандони Қазоқистон – 2456,8 нафар (29,7% аз шумори умумӣ), Тоҷикистон – 2389,5 нафар (28,9%), Қирғизистон – 1533,7 нафар (18,5%), Русия – 592,4 нафар (7,2%), Туркманистон – 629,6 нафар (7,6%) сафари Ӯзбекистонро ихтиёр кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...