Шумори фавтидагон аз коронавируси нав дар 1 шабонарӯз 1,5 баробар афзуд

Дар муддати каме бештар аз 1 шабонарӯз шумори қурбониёни коронавирус то 80 нафар расид (қаблан дар бораи фавти 56 нафар хабар дода шуд). Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, боз 5,7 ҳазор нафар, ки метавонанд аз вируси нави роҳҳои нафас сироят ёфта бошанд, зери муоинаи табибони Чин қарор дошта, 461 нафарашон, ки сироят ёфтанашон  тасдиқ шудааст, дар ҳолати […]

Дар муддати каме бештар аз 1 шабонарӯз шумори қурбониёни коронавирус то 80 нафар расид (қаблан дар бораи фавти 56 нафар хабар дода шуд).

Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, боз 5,7 ҳазор нафар, ки метавонанд аз вируси нави роҳҳои нафас сироят ёфта бошанд, зери муоинаи табибони Чин қарор дошта, 461 нафарашон, ки сироят ёфтанашон  тасдиқ шудааст, дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар саросари ҷаҳон 2 744 ҳодисаи сироят аз коронавируси нав ба қайд гирифта шудааст. Дар Таиланд 7 шахси сироятёфта, дар Сингапуру Австралия 4-нафарӣ, Ҷопон, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса ва ИМА – 3-нафарӣ ва Ветнам – 2 нафар шахсони сироятёфта ошкор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи сироят ба коронавируси нав ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре аз Вазорат хабар доданд, дар фурудгоҳи кишвар ва дидбонгоҳҳои назоратӣ дар сарҳад нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ кор карда, тепловизор ва термосканерҳо гузошта шудаанд. Дар сурати зарурат кори ин нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамчунин хабар медиҳад, хуруҷи бемории сироятии коронавирус, ки дар кишвари Чин боиси марги даҳҳо ва сирояти ҳазорон кас шудааст, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст.

Аз рӯзи 23-юми январ иртиботи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин муваққатан, тахминан то рӯзҳои 2-4 феврал қатъ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.