Данғара – ноҳияи беҳтарини соли 2019 дар Хатлон

Данғара барои ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ беҳтарин ноҳияи соли 2019 дар вилояти Хатлон дониста шуда, соҳиби шоҳҷоиза – мошини “Тойота” гардид. Дар шумори навоҳии беҳтарини сол ҳамчунин ба ноҳияҳои Дӯстӣ сабукрави “Хундай” ва Қубодиён мошини “Опел-Зефира” туҳфа шуд. Ҷоизаҳоро ба ғолибон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи тантанавии бахшида ба […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Данғара барои ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ беҳтарин ноҳияи соли 2019 дар вилояти Хатлон дониста шуда, соҳиби шоҳҷоиза – мошини “Тойота” гардид.

Дар шумори навоҳии беҳтарини сол ҳамчунин ба ноҳияҳои Дӯстӣ сабукрави “Хундай” ва Қубодиён мошини “Опел-Зефира” туҳфа шуд.

Ҷоизаҳоро ба ғолибон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи тантанавии бахшида ба Иди Сада рӯзи 25-уми январ дар шаҳри Бохтар супорид.

Ҳамчунин беҳтарин кормандони соҳаи кишоварзӣ ва расонаҳои давлатӣ бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Қурбон Ҳакимзода мардуми вилоятро бо Иди Сада таҳният гуфта, изҳор дошт, ки Хатлон яке аз истеҳсолгарони асосии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ аз мутахассисон ва фаъолони соҳаи кишоварзӣ дархост кард, ки барои афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот кӯшиш ба харҷ диҳанд, то нафақат бозорҳои вилоят, балки ҷумҳурӣ низ бо маҳсулоти тару тоза таъмин шавад.

Бахшида ба Ҷашни Сада дар майдони назди театри вилоятии мусиқию мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар намоиши маҳсулоти вилояти Хатлон ташкил шуда, маросими идона ҷараён гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?