Эҳтимоли бе алоқаи мобилӣ мондани 3,8 млн. муштарӣ дар Тоҷикистон

То ҳол 3,8 миллион. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 худро дубора ба қайд нагузоштаанд. Дар ин бора имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, агар 3 млн. 855 ҳазор нафар муштариён то 15-уми феврал симкортҳояшонро дубора бо шиносномаи намунаи соли 2014 […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

То ҳол 3,8 миллион. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 худро дубора ба қайд нагузоштаанд.

Дар ин бора имрӯз, 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, агар 3 млн. 855 ҳазор нафар муштариён то 15-уми феврал симкортҳояшонро дубора бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд нагузоранд, мувофиқи талаботи қарор, рақамҳои онҳо ғайрифаъол гардонида мешавад.

Тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, дар Тоҷикистон 6,8 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 4,8 млн. нафари онҳо корбарони фаъол мебошанд.

Ба қавли Атоев, Хадамоти алоқа бо дархости боз дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳо ба ҳукумат муроҷиат кардааст.

“Дароз шудан ё нашудани муҳлати қайди дубораи симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав акнун танҳо ба ҳукумат вобаста аст”, – иброз дошт ӯ.

Ёдовар мешавем, бо мақсади амалисозии Қарори ҳукумати ҶТ аз 30-юми апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабтином шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 дубора ба қайд гузоранд. Муҳлати қайди дубора 15-уми феврали соли 2020 (муҳлати пешина – 15 августи соли 2019), яъне пас аз 19 рӯз ба охир мерасад.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими зимистон шуъбаҳои шиносномадиҳӣ аз соати 08:00 то 20:00 (тобистон – то соати 22:00) кор мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.