Ҳукми 14 соли зиндон ба як мард барои марги кӯдаки 2-сола

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Равшан Ғуломови 35-соларо барои барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба кӯдаки хурдсол, ки ба марги ӯ боис гардид, ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Тавре дар сомонаи суди ноҳияи Шоҳмансур хабар дода мешавад, Ғуломов ду маротиба хонадор шуда, аз зани якумаш барои безуриётӣ ва аз ҳамсари дуюмаш бо ду […]

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Равшан Ғуломови 35-соларо барои барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба кӯдаки хурдсол, ки ба марги ӯ боис гардид, ба 14 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Тавре дар сомонаи суди ноҳияи Шоҳмансур хабар дода мешавад, Ғуломов ду маротиба хонадор шуда, аз зани якумаш барои безуриётӣ ва аз ҳамсари дуюмаш бо ду фарзанд барои рост наомадани хислатҳояшон ҷудо шудааст.

“Моҳи сентябри соли 2018 Ғуломов бо никоҳи мусулмонӣ ба сокини пойтахт Нигора Юсупова хонадор мешавад, ки 4 фарзанд дошт. Пас аз ин Акрам Юсупови 2-сола ҳамроҳашон дар хонаи иҷора дар кӯҷаи Қаротегин зиндагӣ мекунад”, – қайд мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, охири моҳи октябри соли гузашта пас аз муноқиаши навбатӣ бо занаш Ғуломов чойники чойнӯширо ба сӯйи ӯ мепартояд, ки ба девор бархӯрда, ба сари Акрами хобида мезанад.

“Ҳангоми гиря кардани ин хурдсол, судшаванда Ғуломов Р.Д., ӯро аз дасташ дошта, ба дигар самт мепартояд, ки сари хурдсол рафта ба гаҳвора бармехӯрад. Санаи 1-уми ноябри соли 2019 бинобар сабаби аз дарди зиёд гиря кардани хурдсол Юсупов Акрам, судшаванда Ғуломов Р.Д. аз қаҳр ду бари рӯйи ӯро сахт газида, бо навдаи дарахт ӯро лату кӯб менамояд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, муддати ду рӯз кӯдаки хурдсол бо ҳарорати баланд доимо гиря карда, лекин волидонаш ба ин аҳаммият надодаанд. Танҳо рӯзи сеюм, вақте ки вазъи Акрам тамоман бад мешавад, ӯро назди табибон мебаранд.

Табибон дар ҷисми кӯдак осеби пӯшидаи косахона ва майнаи cap, хунрезиши баъди осеби майнаи cap, захмҳои латхӯрда, хунрезиши зери пӯст ва хуномосҳои баданро муайян мекунанд. Ӯ ба ҳуш наомада, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Дар мурофиаи судӣ исбот шудааст, ки Равшан Ғуловом борҳо Акрами хурдсолро барои бисёр гиря карданаш латукӯб кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.