Шуъбаҳои шиносномадиҳии ВКД то соати 10-и шаб кор мекунанд

Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли […]

Asia-Plus

Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 10-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, хоҳиш карда мешавад, ки барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба шуъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.

Гуфта мешавад, тибқи дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамаи шуъбачаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои ивази шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мебошанд

Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

1. Шиносномаи намунаи соли 1996.

2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).

3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).

4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ШМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).

5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.

6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).

7. Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х4,5 мм.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.