Эмомалӣ Раҳмон муҳлати гузаштан ба ID-шиносномаҳоро то нимаи моҳи феврал дароз кард

Аваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то 15 феврали соли 2020 қарор ба имзо расонид, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Қаблан манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумат изҳор дошта буд, ки муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то 31 декабри соли равон дароз карда мешавад.

“Лекин Президенти мамлакат тасмим гирифт, ки ин муҳлат то 15 феврали соли 2020 дароз карда шавад”, – қайд кард манбаъ.

Қаблан вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки бо вуҷуди то соати 22:00 дароз кардани вақтии кории шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, онҳо барои то муҳлати муқарраршуда – 15 август ба ҳамаи шаҳрвандон додани ID-шиноснома фурсат намеёбанд.

Вазир қайд карда буд, ки шиносномаҳои намунаи соли 1996 то охири муҳлаташон амал мекунанд, зеро амали онҳоро касе бекор накардааст.

“Шиносномаҳоми намунаи соли 1996 амалкунандаанд, инро касе бекор накардааст. Бо дастури ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо ID-шиноснома дубора ба қайд гиранд”, – таъкид дошта буд вазир.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки дар ҳолати саривақт иҷро нагардидани муҳлати қарор дар бораи ивази шиноснома ва сабти симкорт бо ID-шиносномаҳо, муҳлати он метавонад дароз карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд мегирифтанд.

Дар ин робита дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ навбатпойиҳои сершумору тӯлонӣ ба вуҷуд омад. ВКД расман изҳор намуд, ки дар як моҳ ҳамагӣ 50 ҳазор ID-шиноснома дода метавонад. Баъдан ВКД вақти кории шуъбаҳои шиносномадиҳиро то соати 22:00 дароз кард, то ки шаҳрвандон ба сабти дубораи симкортҳои худ то 15 август фурсат ёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...