Дар Суғд шӯрои бадеӣ барои санҷиши сурудҳо ташкил мешавад

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Дар шимоли Тоҷикистон он намоҳангу сурудҳое, ки ба воситаи телевизиону радио пешкаши мардум мешаванд, минбаъд аз назари Шӯрои бадеӣ мегузарад.

Ин масъала рӯзи 27-уми январ зимни баргузории ҷаласаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд оид ба натиҷаҳои соли 2019 таъкид гардид.

Муовини раси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар ин ҷаласа аз сатҳу сифати намоҳанг ва таронаҳо изҳори нигаронӣ кард.

“Имрӯз бисёре аз сарояндагон суруду клипҳое пешкаш мекунанд, ки ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд. Аз матни суруду оҳанг тамошобинон, хусусан, наврасону ҷавонон ба худ чизи хуб гиранд. Вақте матнҳои сурудро гӯш мекунед, дар баъзе ҳолат умуман калимаи дурустро намеёбед. Бисёр шеърҳои сабукро намедонам, аз куҷо гирифта, оҳанг бастаанд. Ин қадар шоир ва шеърҳои беҳтарин дорем”, – гуфт Азимӣ.

Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бахтиёр Қосимов иброз дошт, ки барои бартараф кардани ин камбудиҳо низомномаи нави Шӯрои бадеӣ таҳия шудааст. Мутобиқи он ҳар як суруду клипе, ки бо воситаи телевизион ва радио пешкаши бинандаву шунаванда мегардад, аз назари Шӯрои бадеӣ гузаронида мешавад.

“Низомномаи нави Шӯрои бадеӣ тасдиқ мешавад. Мо ба ҳамаи муассисаҳои далхдор мактубҳо ва низомномаро мефиристем, онҳо бо он шинос мешаванд. Инчунин яке аз бахшҳои Шӯро марбут ба телевизион аст. Кормандони телевизион иштирок мекунанд, фикру андешаҳояшонро мегӯянд, ҳар як клип, ҳар як шеър, ҳар як оҳангро мутахассисон дида баромада, барои беҳтар кардани он тавсия медиҳанд”, – афзуд Қосимов.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 8 телевизиони хусусӣ ва 1 телевизиони давлатӣ, инчунин 6 радиои хусусӣ ва 1 радиои давлатӣ фаъолият карда, пахши суруду мусиқӣ аз ҷузъи муҳим ва асосии фаъолияти онҳо маҳсуб мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...