Дар Тоҷикистон шахсеро ҷустуҷӯ доранд, ки ба маҳбусон нони заҳролуд дод

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон корҳои муайян кардани шахсият ва ҷустуҷӯву боздошти он касеро, ки ба маҳбусони аз вилояти Суғд ба дигар зиндонҳои кишвар интиқолмеёфта нони заҳролудшуда дода буд, идома медиҳанд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон дар ин робита изҳор дошт, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи далели ҳалокати 14 нафар маҳбусон ҳангоми интиқол аз вилояти Суғд ба Душанбе идома дорад. Ӯ бори дигар таъкид кард, ки мувофиқи хулосаи ташхис, ҳамаи маҳбусони фавтида аз нон заҳролуд шудаанд.

“Аз рӯйи далели заҳролудшавӣ, ки ба марги 14 нафар маҳбусон боис гардид, прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд, ки тафтишот мебарад ва ҷараёни он зери назорати ман аст. Тафтишотро бояд муайян кунад, ки маҳбусон аз куҷо нони заҳролудшударо гирифтаанд”, – таъкид дошт Юсуф Раҳмон.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми июл 128 нафар маҳбусон, ки 8 нафарашон занон буданд, дар се мошини махсус аз Хуҷанду Истаравшан ба муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Душанбеву Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол дода шуданд.

Дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Дар натиҷа пас аз истеъмоли он 16 нафар маҳбусон заҳролуд шуда, 14 нафарашон фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.