Прокурори генералии Тоҷикистон ҷонибдори бекор кардани моратория ба ҳукми қатл аст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ҷонибдори бекор кардани моратория (даст кашидан аз иҷро) ба ҳукми қатл дар кишвар аст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки қаблан низ чунин изҳори назар карда буд.

“Соли 2019 танҳо бо ҷурми даст доштан дар терроризм аз ҳисоби шахсони қаблан маҳкумшуда беш аз 100 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуданд. Онҳо ислоҳнашавандаанд. Мо онҳоро такроран ба ҷавобгарӣ мекашем. Ба муҳлате, ки онҳо адои ҷазо мекунанд, мо ҳадди ниҳоӣ ду-се сол илова карда метавонем. Онҳо боз ба ҷинояткорӣ даст мезананд”, – таъкид дошт прокурори генералӣ.

Ёдрас мекунем, соли 2016 Юсуф Раҳмон пешниҳод намуд, истифодаи ҳукми қатл нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва бераҳмона содир кардаанд, аз ҷумла, террористон, хоинони Ватан ва касоне, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ кардаанд, васеъ шавад.

“Ҳукми қатл бояд нисбат ба шахсоне истифода шавад, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин ва бераҳмона содир кардаанд, аз қабили дидаву дониста куштани якчанд кас бо бераҳмии махсус, террористону хоинони Ватан ва касоне, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ кардаанд”, – изҳор дошта буд ӯ соли 2016.

Моҳи июни соли 2003 шумори моддаҳо дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки дар онҳо ҳукми қатл пешбинӣ шудааст, аз 15 то 5 адад кам шуд.

Аз моҳи июни соли 2004 дар Тоҷикистон моратория ба ҳукми қатл амал мекунад, ки аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.