Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Вазорати нақлиёт, Саридораи геология ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишастҳои хабарӣ доир мегарданд.

–  Дар Душанбе бозиҳои мусобиқаи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал байни духтарони синни то 19-сола баргузор мешавад: соати 12:00: Туркманистон – Афғонистон; соати 15:00: Тоҷикистон – Ӯзбекистон; соати 18:00: Эрон – Қирғизистон. Бозиҳо дар маҷмааи варзишии “Элит”-и Кумитаи андози ҶТ баргузор мешаванд. Даромадан барои тамошо бепул аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6920 сомонӣ;

1 евро – 10.6680 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1540 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1833 — Дар Русия аввалин почтаи шаҳрӣ таъсис дода шуд. Авввалин қуттиҳои почта соли 1848 пайдо шуданд. Маълумоти муфассал дар бораи таърихи Главпочтамти Душанбе бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

1932 — КИМ ва Шӯрои комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон дар бораи ташкили Кумитаи радиошунавонӣ қарор қабул карданд.

1932 — Бо фармони КИМ ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Ҳисор таъсис дода шуд.

2011 — Президенти Тоҷикистон пурзӯр кардани ҷазо барои ғайриқонунӣ азхудкунӣ ва тақсими қитъаҳои заминро пешниҳод кард.

2012 — Дар ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки бо хатсайри Маскав – Душанбе парвоз мекард, тифли навзод – писарча ба дунё омад.

1933 — Зодрӯзи табиб-урологи маъруфи тоҷик, профессор Аслиддин Осимӣ.

1934-1999 — Мавлуди олими соҳаи физика Обидҷон Маҳмадов.

1955 — Зодрӯзи варзишгарзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба камонварӣ Зебуннисо Рустамова.

1962 — Мавлуди журналист Аваз Юлдошев.

1978 — Зодрӯзи журналист Хайрулло Мирсаидов.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Соли 1886 Карл Бенс барои автомобили аввалини худ патент гирифт. Вазни он 250 кг ва суръати ҳаракаташ 16 км дар як соатро ташкил медод.

Баъди аз озмоишҳри сершумор гузаштан Motorwagen таҳти №7435 Патенти Олмонии Императорӣ гирифт. Ба хотири ҳамин рӯйдод 29 январ ҳамчун Рӯзи истеҳсоли автомобил ҷашн гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки Карл Бенс муассиси консерни «Daimler-Benz» буда, дар он автомашинаҳои тамғаи «Mercedes-Benz» истеҳсол мешаванд.

Рӯзи сафарбарии умумӣ бар зидди таҳдиди ҷанги ҳастаӣ (ядроӣ), ки дар солрӯзи қабули Эъломияи Деҳлӣ таҷлил мегардад.

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағийрёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд, Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 16-21° хунук, рӯзона 1-6° хунук, дар шарқи вилоят шабона 27-32 хунук, (дар мавзеи Булункул то 54-56 хунук), рӯзона 11-16° хунук, (дар мавзеи Булункул то 22-24 хунук) мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1-3° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои камабри бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои камабри бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона -1+1°, рӯзона 9+11° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 18-20° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...