Тоҷикистон бори дигар таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ёдрас кард

Дар шаҳри Берлин рӯзи 28-уми январ таҳти унвони “Осиёи Марказии Сабз” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳамоиши мазкур вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Олмон, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, инчунин намояндагони дигари кишварҳои Аврупо ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистонро […]

Дар шаҳри Берлин рӯзи 28-уми январ таҳти унвони “Осиёи Марказии Сабз” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳамоиши мазкур вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Олмон, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, инчунин намояндагони дигари кишварҳои Аврупо ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд.

Зимни суханронӣ дар конфронс Сироҷиддин Муҳриддин ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкориҳо дар ростои тағйиёрбии иқлим ва таъсири он ба олами ҳайвоноту наботот даъват намуда, аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки барои кишварҳои ниёзманд ва осебдида дар ин самт мусоидат хоҳад кард, ёдрас шуд.

Вазири корҳои хориҷии кишвар инчунин ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфаракоронаи онҳоро муҳим хонда, диққати ширкаткунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд.

Зикр мегардад, ки дар фарҷоми нишаст вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунанда Эъломияи муштаракро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва амният ба имзо расониданд.

Ташаббуси таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро бори нахуст раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим пешниҳод карда буд.

Он замон сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки тайи 70 соли охир наздики 35% пиряхҳои хурд дар ҷумҳурӣ талаф ёфта, аз 13 ҳазор пиряхҳо дар кӯҳҳои Тоҷикистон то имрӯз 1 ҳазораш аз байн рафтааст (дар қаламрави Тоҷикистон то 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад).

Ба иттилои ВКХ ҶТ, дар Берлин Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин бо вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас дидору гуфтушунид кард. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро миёни Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ ва роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла, амният ва муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми гуфтугӯ ҷонибҳо Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба фаъолияти меҳнатии аъзои оилаи кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулиро ба имзо расониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.